Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аст, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур баргузор гардид.
Дар он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳур, ки аъзои Шӯро мебошанд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, бахши хусусӣ, инчунин намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андоз иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амаволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, масъалаи ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид намудани рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаҳои истеҳсолӣ мансубанд ва ҳисоботи омориро оид ба истеҳсолот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор месупоранд, дар меҳвари ҷаласаи мазкур қарор дошт.
«Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи аз феҳристи қайдгардида хориҷ намудани субъектҳое, ки дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо фаъолияти худро ба самтҳои хизматрасониву савдо, ё ин ки фаъолияти худро пурра ё муваққатан қатъ намудаанд, баррасӣ гардид,-афзуд манбаъ.








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






