Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, ки ҳамзамон раиси Шӯро мебошад, зикр намуд, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳадафаш мусоидат дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.
Хуршед Каримзода доир ба дастовардҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар самти содагардонии расмиёти савдо дар соли равон ба онҳо ноил гардид, маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, гуфт, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо аксари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон давра ба давра рушд ёфта истодааст.
Зикр гардид, ки Хадамоти гумрук бо мақсади афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот тадбирҳои дахлдор андешида, барои тезонидани барасмиятдарории содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба воҳидҳои сохтории тобеъ супориши зарурӣ ирсол намудааст. Воҳидҳои сохторӣ вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, моли зудвайроншаванда, дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдори барои мақсадҳои гумрукӣ зарур, барасмиятдарории гумрукии молҳои мазкур дар навбати аввал ва ба таври содагардонидашуда анҷом дода шавад.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Созишномаи Созмони Ҷаҳонии Савдо /СҶС/ оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби мутахассисони Хадамоти гумрук ва Кумитаи миллӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Хадамоти гумрук барои татбиқи амалии Консепсияи ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои самарабахш ба анҷом расонидааст. Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ҳамкории иттилоотии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдор» оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ бо истифода аз Системаи иттилоотии Равзанаи ягона бо 10 мақомоти ваколатдор созишномаҳои дахлдор ба тасвиб расонидааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ, кормандони масъули Агентии «Тоҷикстандарт», Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии «АВВАТ» доир ба ҳамкории Хадамоти гумрук бо Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба сертификатсиякунонии молу маҳсулот ва «Татбиқи Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонҳои байналмилалӣ бо истифода аз китобчаҳои ББА — Carnet TIR дар Тоҷикистон» сухан карданд.
Зикр шуд, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти ғайристандартӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ дар баробари тақвияти назорати бозори истеъмолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ, аз қабили Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» татбиқ шуда истодаанд. Регламентҳои техникии мазкур ба воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисми тамғагузорӣ бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандаро оид ба гирифтани иттилооти дақиқ дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ ба иштибоҳ мебаранд, талаботи ҳатмиро муқаррар менамоянд.
Талаботи регламентҳои техникии мазкур ҳангоми сертификатсияи маҳсулоти воридотӣ ба инобат гирифта шуда, аснои ошкор гардидани ҳолати ба талаботи ин ҳуҷҷатҳо ҷавобгӯ набудан нисбат ба воридкунандагон тадбирҳо андешида мешаванд.








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






