Дар Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Имрӯз вакили мардумӣ, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ветнам Ҷамшед Саидзода бо муовини сардори Комиссия оид ба робитаҳои хориҷии Ҳизби коммунистии Ветнам Нгуен Туан Фон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки моҳи июли соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардида, ҳарду мамлакат ҳамкории самараноки байнипарлумониро ба роҳ мондаанд.
«Ҷонибҳо аз ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки миёни ду мамлакат дар самтҳои ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, ҳамкории иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва ғайра созишномаҳо ба имзо расидаанд», — илова намуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба муносибатҳои иқтисодии ду мамлакат такони тоза бахшид. Ҳоло дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам фаъолият намуда истодаанд. Маводи асосии содирот нахи пахтаву абрешим ва маводи воридотию молҳои истеъмолӣ ба ҳисоб мераванд.








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






