Дар Душанбе бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ» ҳамоиш баргузор гардид

Май 20, 2019 15:01

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Муассиси давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  таълимию клиникии тибби оилавӣ»  бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ» ва эълон гардидани «Рӯзи дарҳои кушод» ҳамоиш баргузор гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои  байналмилалӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тавре дар суҳбат сардори шуъбаи дастуриву методии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фирдавс Рауфов зикр намуд,  ҳамасола  дар тамоми ҷаҳон  19 май  «Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ» таҷлил мегардад, ки мақсад аз он  ҷалб  намудани  диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми  муҳими онҳо  дар пешрафти соҳаи  тандурустӣ ҷиҳати таъмини  солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии тибби оилавӣ мебошад».

«Аз ин рӯ,  мо низ имрӯз тасмим гирифтем, ки ҳамоиши мазкурро  баргузор намуда, аз рафти   кори табибони оилавӣ ва таҷрибаи  онҳо  донишҷӯёнро шинос намоем. Инчунин дар байни онҳо доир ба ин самт саволу ҷавоб ва викторинаҳо гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз самтҳои афзалиятноки асосии ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020» бармеояд, ин рушди сифатноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, ки он  ба тибби оилавӣ асос ёфтааст.

Бо мақсади  ҳамоҳанг сохтани  раванди рушди тибби оилавӣ дар соҳаи  тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 августи соли 1998 «Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ»  таъсис дода шуд. Муассисаи   мазкур  аз соли 2016  аъзои Ташкилоти  байналмилалии  табибони оилавӣ (WONCA) гардидааст.

«Бояд гуфт, ки давоми 20 соли охир дар ҷумҳурӣ кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ба аҳолӣ  аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ самаранок ворид гардида истодааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 1 маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ, дар вилоятҳои Хатлону Суғд 3 ва  дар шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ 5  шуъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ дар самти тайёр намудани  мутахассисони тибби оилавӣ ва расонидани кумаки ташкилию дастурӣ барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС фаъолият доранд», -афзуд Ф. Рауфов.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбат, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 352 нафар табибони оилавӣ ва 8 ҳазору 155  нафар хамшираҳои тибби оилавӣ ба таври бозомӯзӣ омода  гардидаанд.

Аз нигоҳи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан  ба стратегияи солимии омма маҳсуб мешавад. Зеро КАТС  вазифаҳои асосии соҳаи тандурустиро иҷро намуда, қисмати онро ташкил  медиҳад ва ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми равандҳои  инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Аз ҳолати КАТС самарабахшӣ ва сифати фаъолияти  тамоми соҳаи тандурустӣ, инчунин  мушкилоти иҷтимоӣ дар сатҳи оила ва гурӯҳҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳифзнагардида: занон, кӯдакон, маъюбон ва пиронсолон вобаста мебошад.

Бояд зикр  намуд, ки дар айни замон дар тамоми қаламрави мамлакат  мутахассисони тибби оилавӣ  ба аҳолӣ  хизмати тиббию санитарӣ мерасонад, ки дар маҷмӯъ, барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Таҳлили соҳа ва нишондодҳо бозгӯи онанд, ки хизматрасонии тиббӣ аз тарафи мутахассисони тибби оилавӣ  дар ҷумҳурӣ тадриҷан  беҳтар гардида, натиҷаҳои хуб ба бор меорад.

Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»

Май 20, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд