Дар Душанбе Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир ба муаррифии «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ҳамоиш барпо гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми фаъолияте, ки нисбат ба ҷавонон амалӣ карда мешавад, маҷмӯан дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» нақшабандӣ карда шудааст. Барномаи мазкур аз 1 марти соли 2019 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, 10 самти афзалиятнокро дар самти ҷавонон дар бар мегирад.
«Барои иҷрои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои 3 сол 8 миллиону 757 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, боқимонда маблағ аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил дода мешавад. Дар ин замина вобаста ба таъмин ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва тақвияти фаъолияти Кумита бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созанда дар самти кор бо ҷавонон таъсиси гурӯҳи кориро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд дар шароити имрӯза метавон муҳим арзёбӣ намуд. Зеро таҳлилҳо ва ташаббусҳои созандаи ташкилотҳои байналмилалӣ низ собит менамоянд, ки дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои гуногун дар самти кор бо ҷавонон амалӣ карда мешаванд»,-гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Ба иловаи номбурда, соҳаҳои афзалиятноки барнома дар асоси сиёсати давлатии ҷавонон бо дарназардошти ҳадафҳои Стратегии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муқаррар мегарданд. Соҳаҳои афзалиятноки Барнома ба Ҳадафҳои Рушди Устувор алоқамандии бевосита дошта, татбиқи фаъолиятҳо дар доираи он ба амалигардонии ин ҳадафҳои глобалӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Муовини сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Ал-Аззавӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аҳолии хеле ҷавон дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, «насли ҷавон- ин ояндаи Тоҷикистон аст». Ҳоло синни ҷавонон аз 14 то 30 муайян шуда, 30 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки маблағгузориии асосиро ба ҷавонон равона кунем, то онҳо тавонанд ба дастовардҳои гуногун ноил гарданд. ЮНИСЕФ кумаки худро барои татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ирсол мекунад. Зеро дар барномаи мазкур афзалиятҳои асосӣ ба рушди иҷтимоии ҷавонон равона шудааст.
«Бояд гуфт, ки яке аз афзалиятҳои иштироки ҷавонон шуғл ва дастрасии онҳо ба таҳсилот мебошад. Бо дарназардошти тамоюли глобалӣ бо боварӣ метавон гуфт, ки такмил додани маҳоратҳо дар асри 21 барои наврасон имкон медиҳад, ки рушди шахсии худро ба роҳ монанд. Аз ин рӯ ба мо зарур аст, ки диққати асосиро ба онҳо равона кунем ва фаъолиятҳои худро бо сохторҳои далдор ҳамоҳанг намуда, камбудиҳои дар ин ҷода ҷойдоштаро бартараф намоем»,- зикр намуд Зайнаб Ал-Аззавӣ.
Ба андешаи роҳбари бахши кор бо наврасон ва ҷавонони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Хушбахт Тоҷиев, ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур- ин муаррифӣ намудани барномаи миллӣ ва масъалаҳои рушди наврасон ва ҷавонон дар Тоҷикистон мебошад.
«Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар сатҳи глобалӣ бештар таваҷҷуҳ ба даҳаи дуввуми ҳаёти кӯдакон мекунад. Зеро он давраи муҳим, давраи гузариш ва рушди инсон аст. Аз ин лиҳоз мебояд ба онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд, то тавонанд имрӯзу фардои Тоҷикистонро обод намоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин ҳамоишҳо баҳри рушди наврасон ва ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд ва минбаъд дар ин самт ҳамкориро мустаҳкам менамоянд»,- гуфт роҳбари бахши кор бо наврасон ва ҷавонони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






