Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Гулчини сурудҳои ватандӯстона» доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон 4 майи соли равон дар Амфитеатри Боғи «Ирам» Фестивали ҷумҳуриявии «Гулчини сурудҳои ватандӯстона» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур 1500 нафар сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар Фестивали ҷумҳуриявии «Гулчини сурудҳои ватандӯстона» сарбозони қисмҳои низомӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод доир ба Тоҷикистон ва Ватан сурудҳои ватандӯстона сароида, ҷавонону наврасонро ба дӯст доштани обу хоки аҷдодӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани фестивал баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии онҳо мебошад.
Дар хатми барнома ба сарояндагон ва сарбозону ҷавонони боистеъдод аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш туҳфа ва ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






