Дар Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» доир гардид. Форуми мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он гӯшаҳои соҳавии ташкилоту коргоҳҳои кишвар, дастовардҳои илмӣ ва техникии насли ҷавон, имкониятҳои хуби муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, намоиши дастовардҳои соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Нахуст иштирокчиёни Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ аз намоиши мазкур дидан намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки дар замони муосир, ки аниқшавии нобаробарии кишварҳо зуҳур ва шиддати таҳдиду хатарҳои пайваста таҳти таъсири рӯзафзуни равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, рушди неруи инсонӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манфиатҳои волои миллат ба шумор меравад. Дар ин замина неруи инсонӣ худ маҷмӯи донишу маърифат, маҳорату малакаи инсон буда, барои қонеъгардонии ниёзу эҳтиёҷот хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ба зикри номбурда, садо додани падидаҳои сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ ва ченаки нишондиҳандаи сармояи рушди инсонӣ дар Паёми Пешвои миллат бесабаб нест. Зеро инсон дар ҷомеа нақши арзанда дорад ва қадру манзалаташро мехоҳад.
«Чуноне ки зимни ироаи Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ иброз намуданд: «Таъмин гардидани пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст ва таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, таъсис ёфтани 150 ҳазор ҷойи кори нав, дар 3 соли охир 25 фоиз кам гардидани шумораи шасоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз далели он аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ сатҳ ва сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, дарозумрии аҳолӣ то 73,5 сол боло рафтааст. Чунин нишондиҳандаҳо гувоҳи он мебошанд, ки дар сар то сари мамлакат раванди ғамхорӣ дар бораи инсон ҳамчун татбиқи воқеии мақсадҳои олии давлат ва Ҳукумат маҳсуб меёбад. Сармояи инсонӣ бе фароҳам овардани шароити мувофиқ ва заминаи мусоиди сатҳи зиндагӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ ба тақвияти рушди инсонӣ ҳамчун сармояи тиллоӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки Форуми мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.
Кори форум давоми рӯз дар самтҳои маориф ва шуғлнокӣ, инноватсия ва технологияҳои нав идома ёфта, дар он мутахассисони соҳибтаҷриба вобаста ба роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ дар мавзӯъҳои муҳим маърӯза мекунанд.










Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






