Дар Душанбе Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ барпо мешавад

Май 2, 2019 08:17

ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 2-3 майи соли равон  дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтумин конфронси ҷумҳуриявии «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз муассисаи мазкур хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани силсилаконфронсҳои соҳаи китобдорӣ муайяну мушаххас намудани муаммоҳои ҷойдошта дар раванди таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон, масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, гурӯҳбандӣ ва мавриди омӯзишу тарғиб  қарор додани манобеи билиографӣ, билиографӣ- электронӣ, ташкили дастурҳо, роҳнамо, сарватҳои иттилоотӣ ва маъхазҳои библиографӣ бо истифода аз  фондҳои чопӣ, манобеи электронии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни китобхонавӣ ва таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш мебошад.

Дар назар аст, ки дар конфронс кормандони китобхонаҳои шахсӣ, ҷамоатҳо, деҳаҳо, китобхона-филиалҳо, китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои оммавии вилоятҳо, китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбии кишвар ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҷеъ ба масоили вазъи кунунии хизматрасонӣ бо дарназардошти воридшавии технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Ҳамзамон андешаҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар самти таҷдиди хадамоти библиографӣ дар кори китобхонаҳои Тоҷикистон  масъалагузорӣ хоҳанд гардид.

Май 2, 2019 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид