Дар Душанбе масъалаҳои андозбандӣ дар фаъолияти субъектҳое, ки бо сармояи ҷониби Чин таъсис ёфтаанд, баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилӣ ва проблемаҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ дар фаъолияти субъектҳое, ки бо сармояи ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтаанд» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои ҷониби Хитой ва намояндагони як зумра вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ВАО-и Кумитаи андоз хабар доданд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз вобаста ба масъалаҳои зерин, аз ҷумла, дуруст ба роҳ мондани пешбурди ҳисоботи андозӣ, муҳосибӣ, риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, забони давлатӣ, баррасии мушкилии ҷойдошта марбут ба масъалаҳои андозбандӣ, маъмурикунонии андозҳо ва сиёсати андоз дар фаъолияти корхонаву ташкилотҳое, ки бо сармояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шудаанд, гузоришҳо пешниҳод гардид.
Таваҷҷуҳи иштирокдорони машварат ба низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуруст ба роҳ мондани пешбурди ҳисоботи андозӣ ва муҳосибӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва проблемаҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ ҷалб карда шуд.
Ҳозирин доир ба масъалаҳои баррасишаванда пешниҳодҳои муфид намуда, аз намояндагони Кумитаи андоз ба суолҳои хеш посухҳои қаноатмандкунанда гирифтанд.
Инчунин дар машварати омӯзишӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи андоз хизматрасониҳои нави электронии мақомоти андоз намоиш дода шуд.








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






