Дар Душанбе масъалаи баргардонидани занони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли равон мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода бо ҳайатҳои ширкатҳои «Равзатайн» ва «Дарвозаи адолат»-и Ҷумҳурии Ироқ, ки дар баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан саҳм доранд ва зимни интиқол то Душанбе онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи мулоқот бо ҳайатҳои ширкатҳои «Равзатайн» ва «Дарвозаи адолат»-и Ҷумҳурии Ироқ, барои мусоидати он ҷониб дар баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик миннатдорӣ баён шуд.
Зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ, ҷалби сайёҳони Ироқ ба Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамкории минбаъда ҷиҳати ба Ватан баргардонидани занони тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Ироқ қарор доранд, мавриди муҳокима қарор гирифт.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






