Дар Душанбе масъалаи рушди ҳамкории соҳибкории истеҳсолӣ баррасӣ гардид

Май 16, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе намояндагони тиҷорати хурду миёна масъалаи рушди ҳамкории соҳибкории истеҳсолиро муҳокима намуданд.

15 май дар Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и  шаҳри Душанбе як зумра соҳибкорони ватанӣ масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Директори муассисаи мазкур Ҳокимшоҳ Бобозода зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди мунтазами тиҷорати хурду миёна ва соҳибкории инфиродӣ корҳои зиёд амалӣ карда шуда, дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор низ қабул гардидаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз мақсадҳои фонди дастгирии соҳибкорӣ- ин мусоидат ба раванди  рушди  муносибатҳои  бозорӣ дар  асоси  дастгирии  соҳибкории хурду миёна, рушди  рақобати солим, таҳияи бизнес-нақшаҳо ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани онҳо мебошад.

Зимнан, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди бомароми иқтисоди миллӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат бо мақсади рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар амал татбиқ карда шуданд.

Аз ҷумла, метавон аз он ёдовар шуд, ки моҳи октябри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 зикр намуданд: «Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад».

Зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Инчунин ҳоло дар мамлакат ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ба якчанд нафар соҳибкорони муваффақ, ки бо қарзҳои имтиёзноки «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и шаҳри Душанбе тарҳҳои истеҳсолии худро амалӣ намуданд, барои фаъолияти пурмаҳсул ва истифодаи мақсадноки маблағҳои қарзӣ сипоснома супорида шуд.

Май 16, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд