Дар Душанбе масоили марбут ба муҳоҷират ва кумак ба гурезагон матраҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 14.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе тайи ду рӯз -14-15 майи соли равон мизбони нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират мегардад. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот мекунанд.
Мусаллам аст, ки раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як пойгоҳи минтақавии машваратӣ аст, ки ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти мазкур дуюмин чорабинии ин ибтикор дар се моҳи ахир аст, ки зери Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.
Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд.
Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Саидасрор Саидов мегӯяд: «Муҳоҷират падидаи зудтағйирёбанда буда, Раванди Алмаато пойгоҳи дурусте барои баррасии вокуниши мо ба чолишҳои нав мебошад».
Вито Трани, намояндаи UNHCR дар Тоҷикистон бар он назар аст, ки «кишварҳо мухторият ва ҳақ доранд, то марзҳои худро назорат намуда, шароити вуруд ва будубоши ҳар касеро дар ҳудудашон муайян кунанд. Дар баробари он, асосҳои башардӯстонаи ҳимояи афроди ниёзманд бояд аз мадди назар дур намонад. Уҳдадориҳои давлатҳо ҷиҳати мудирияти муассири ҷараёнҳои муҳоҷират ва фазои инсондӯстонаи ёрӣ ба фирориён аввалиндараҷа мебошанд».
Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) дар нишаст таҷрибаҳои қонунгузориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти танзими масоили марбут ба гурезагон ва муҳоҷирон муаррифӣ карда, ҳамчунин доир ба Ҳамоиши ҷаҳонӣ вобаста ба масоили гурезагон, ки моҳи декабри соли равон дар Женева дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, маълумот медиҳад. Низоми сабти вазъ ва ҳузури муҳоҷирон дар кишварҳои узви Раванди Алмаато низ аз ҷониби намояндагони давлатҳои узв муаррифӣ мешавад.
Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд. Дар ин нишаст СБМ Торнамои ҷаҳонӣ доир ба муҳоҷират ва индикаторҳои мудирияти муҳоҷираташро муаррифӣ карда, доир ба ибтикори нави тадқиқотие дар мавзӯи муҳоҷирати ҷавонон аз Осиёи Марказӣ маълумот медиҳад».
Нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё» баргузор мешавад, ки он аз ҷониби Дафтари Департаменти давлатии ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират (PRM USA) маблағгузорӣ мешавад.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






