Дар Душанбе табобати бемории сили кӯдакона муҳокима гардид

Май 1, 2019 16:19

ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе масъалаи «Барҳам додани даври беморӣ: Муайянсозӣ, парасторӣ ва табобати кӯдакони гирифтори бемории  сили ба дорувориҳо устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баррасӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббии «Духтурон бидуни марз» дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он дар сатҳи байналмилалӣ нашр намудани ҳисобот  оид ба табобати бемории сили кӯдакона дар Тоҷикистон муҳокима гардид.

Тавре иштирокчиён зикр намуданд, ҳамкории якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Духтурони бидуни марз нишон додааст, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон имконияти ташхис ва табобати ҳатто мушкилтарин шаклҳои бемории сил имконпазир мебошад. Тавассути дурандешӣ, ташаббускорӣ ва фаъолона дарёфт намудани  кӯдаконе, ки  эҳтимол гирифтори бемории сил бошанд,  мо метавонем ин бемориро аз байн барем.  Бештар аз он, тавассути муносибати дурандешона ва ташаббускорона нисбат ба табобату нигоҳубини кӯдакон мо метавонем даври гузариши бемориро барҳам диҳем ва хатари бузургеро, ки ба саломатии аҳли ҷомеа таҳдид мекунад, камтар намоем.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки    бемории сил яке аз бемориҳои сироятии аз ҳама марговартарин дар олам мебошад. Соли 2017   дар тамоми олам қариб 10 миллион нафар одамон ба бемории сил гирифтор шудаанд, ки дар натиҷа 1,6 миллион нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Шакли ба доруҳо устуворбудаи бемории сил хатари боз ҳам марговартареро ба бор меорад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо 55 фоизи беморони  гирифтори шакли бемории сили  ба доруҳои сершумор устувор  ба таври муваффақ табобат карда шудаанд. Илова бар ин,  бемории сил метавонад ба қишри аз хама осебпазири ҷомеъа сахттар таъсири манфӣ расонад: соли 2017 дар саросари олам 1 миллион нафар кӯдакон ба бемории сил мубтало гаштанд ва 230 000 нафар кӯдакон аз ин беморӣ фавтиданд.

Зикр карда шуд, ки бемории сил табобатшаванда аст. Тавассути ташхис ва табобати саривақтӣ мо метавонем бемории силро аз байн барем.

Ба хотири бартараф кардани ин мушкилот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббии «Духтурон бидуни марз» дар якҷоягӣ намуди табобатиеро кор карда баровардаанд, ки махсус барои табобати кӯдакон нигаронида шудааст ва самаранок будани он низ исбот шудааст.

Май 1, 2019 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст