Дар Душанбе татбиқшавии Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо оғоз шуд

Май 22, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар  маросим Раиси Кумитаи мазкур, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Намояндаи ваколатдори Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадипа Сривастава ва роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалии муқими мамлакат иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бонки Рушди Осиё амалӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳа дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2019-2030 ва Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2018-2022 таҳия шуда, дар се самт татбиқ мегардад.

«Татбиқи васеъи идораи хатари офатҳои табиӣ дар идораҳои давлатӣ, таҳкими иқтидор барои идораи офатҳои табиӣ ва кам кардани талафот, инчунин таҳияи харитаи роҳ барои сармоягузориҳои минбаъда ва устувории маблағгузорӣ самтҳои асосии раванди амалишавии Лоиҳа мебошанд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки татбиқи Лоиҳаи  мазкур  ба ҳалли вазифаҳо дар самти идораи коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат намуда, он ба арзёбии маконҳои хатарнок ба ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода, омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими иқтидори техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи гражданӣ муфид мебошад.

Май 22, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд