Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти хайриявии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид

Май 1, 2019 09:17

ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  30 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти хайриявӣ  баргузор гардид.

Тавре масъули иттилоот ва робита бо ҷомеаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Нодир Аминзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳамасола бо ташаббуси  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ консертҳои хайриявӣ баргузор шуда, беҳтарин сарояндагони ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.  Маблағҳои аз ҳисоби консерт  ба даст омада барои беморону ниёзмандон ва маъюбон сарф карда мешаванд.  Зеро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.

Ба гуфтаи номбурда, 3 май низ дар шаҳри Хуҷанд чунин консерти хайриявӣ баргузор шуда, дар он беҳтарин сарояндагон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар  доираи он  барномаҳои гуногуни  фарҳангию варзишӣ, барномаҳои ҳунарии хайриявӣ ва дигар тадбирҳо доир карда мешаванд.

Май 1, 2019 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд