Дар Хатлон бахшида ба Иди касбии сарҳадбонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри вилоятии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар ҷамъомад раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи муҳофизати марзу бумаш вобаста аст. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ дар лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва ҳимояи сохти конститутсионӣ борҳо ҷоннисорӣ намудаанд.
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Сарҳад яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳимояи он қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фардӣ кишвар аст»,- афзуд Қ.Ҳакимзода.
Сипас раиси вилоят барои хизмати софдилона ва содиқона сарҳадбононро бо «Ифтихорнома»-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз гардонид.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






