Дар Ҳисор бо ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон машварати корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим машварати корӣ доир гардид, ки дар он масъалаи рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёд мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёди 613 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Азим Иброҳим ба масъулин дастур доданд, ки баҳри беҳбудии корҳо: муайян намудани қитъаи замин, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, тарҳи бино, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ҷалби мутахассисону сармоягузорон бояд иҷрои корҳо тариқи «Равзанаи ягона» дар маҳал ба роҳ монда шавад.
Дар машварат зикр гардид, ки рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимию тиббӣ, бунёди инфрасохтор дар маҳаллаҳои навбунёд-муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, симчӯб, ноқил, роҳ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ зери назорати доимӣ қарор дода шаванд.
Ҳамзамон дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба ободонии маҳаллаю шаҳракҳо, хусусан дар самти мусоидат дар ивазкунии симчӯбҳои фарсуда, таъмири роҳҳо, таъмиру тармим, рангуборкунии биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, бо мақсади таъмини ҳолати санитарию тозагии доимии маҳал ташкили нуқтаҳои партов дар деҳаву дигар марказҳои аҳолинишин, сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ дар назди биноҳои баландошёна, ба танзим овардани растаҳои бозори марказӣ, таъмини ҳолати санитарӣ ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур матраҳ гардиданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди масъулин гузоштаанд ин дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Ин иқдоми шоиста ва созандаи Пешвои миллат дар байни ҷомеа ва сокинони шаҳри Ҳисор ҳамовозию ҷонибдорӣ пайдо намуда, аз хурд то бузурги шаҳр талош доранд, ки дар таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни таърихӣ нақши сазовор гузоранд», — афзуд Ш.Ҷумазода.








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






