Дар корхонаҳои соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ ба маблағи 373,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн сомонӣ зиёд буда, нақшаи пешбинишуда 115,7 фоиз таъмин шуд.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар моҳҳои январ-апрели соли 2019 корхонаҳои соҳа 7797,5 тонна риштаи пахтагин, 3327,5 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин, аз ҳисоби корхонаю марказҳо 49,8 ҳазор метри мураббаъ матои адрас, 6,6 ҳазор метри мураббаъ матои атлас, 77,7 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, ба маблағи 15,6 млн. сомонӣ мебел, 1368 ҳазор метри мураббаъ қолин, 2253,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 336,5 ҳазор ҷуфт пойафзолҳои гуногун истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд мебошад.
Инчунин коркарди пӯст дар ин давра 147593 донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 321 дона зиёд аст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, варзишӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин, мебел, пахтаҳои тиббӣ ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ин давра номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла уребча, гирдакҳои пахтагин, чӯбчаҳои нафис, пахтаи тиббӣ, риштаи полипропиленӣ ва матои абрешими надофӣ дар корхонаҳои соҳа истеҳсол шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.
Корхонаи мазкур ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад. Дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.








Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд






