Дар ноҳияи Рашт 4 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар ноҳияи Рашт 4 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
«Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҷониби бахши рушди сайёҳии ноҳияи Рашт ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, боғҳои меваҳои шаҳдбор ва ба ин васила афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳияи Рашт 4 хатсайри нави сайёҳӣ роҳандозӣ карда шуданд», — афзуд манбаъ.
Хатсайри аввал 3-рӯза буда, тавассути Душанбе – Рашт – дараҳои -Ҷафр – Камароб гузаронида мешавад.
Хатсайри дуюм 6-рӯза аст ва аз тариқи Душанбе — Рашт – дараҳои Ҷафр — Ҳоит амалӣ карда мешавад.
Хатсайри сеюм саёҳати ҳудуди ноҳияро дарбар гирифта, 2 рӯзро фаро мегирад. Он аз маркази ноҳияи Рашт оғоз гардида, дараҳои Камароб ва Тагобаро убур мекунад.
Хатсайри чорум низ 2-рӯза буда, танҳо ҳудуди ноҳияро дарбар мегирад ва аз маркази ноҳия то деҳаи Ҷафр амалӣ карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Рашт аз қадим ҳамчун Қаротегин маълум буд, ки тавассути он Роҳи Абрешим мегузашт.
Инфрасохтори сайёҳии ноҳия марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст. Дар ҳудуди ноҳия 4 адад меҳмонхона, 2 адад ҳомстей, 2 тарабхона, 10 ошхона, 3 осорхона, 47 бунгоҳи тиббӣ, 1 адад фурудгоҳи минтақавӣ, 5 адад ташнобхонаҳои сарироҳӣ, 1 маркази иттиллоотӣ барои сайёҳон фаъолият менамоянд. Мавзеъҳои саёҳати экологии минтақа дараҳои Камароб, Ҷафр, Ҳоит, Ясманд ва Сиёҳдара мебошанд. Инчунин, кӯлу чашмаҳои Яхакпаст, Фолома, Ҷафр, Ҳазорчашма дар ноҳия диққати ҳазорон меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.
Дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандон дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои гуногун пайваста иштирок мекунанд.
Ноҳияи Рашт аз захираҳои табиӣ бой буда, мувофиқи маълумоти расмӣ дар ноҳия зиёда аз 13 мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳии экологӣ ва куҳнавардӣ мувофиқ буда, шаклҳои сайёҳии сайру гашти пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экосайёҳӣ, рафтинг самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд






