Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиш ифтитоҳ ёфт

Май 3, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти   унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»  намоиш ифтитоҳ гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод, дар намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе  иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода собиқадорони ҷангу меҳнатро дар робита ба ин ид табрик намуда, зикр кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадоронро зери ғамхории бевоситаи хеш қарор додаанд.

Ҳамчунин собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ андешаҳои худро бахшида ба Рӯзи Ғалаба иброз ва аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе қаноатмандӣ намуданд.

Дар намоиши махсуси ҷашнӣ аз фонди Осорхона ҳуҷҷатҳо, расмҳо ва дигар маводи таърихии марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки  дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд, 58 ҳазор нафар бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд.

Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Бахшида ба ин ҳодисаи таърихӣ дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунин гӯшаи алоҳидаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба таври доимӣ фаъолият менамояд.

Бояд зикр намуд, ки намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 20 майи соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад.

Май 3, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»