«Дидори наслҳо» — мулоқоти собиқадорон бо ҷавонон аст, ки пагоҳ дар Душанбе баргузор мегардад

Май 20, 2019 15:05

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида   ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон пагоҳ, 21 майи  дар шаҳри Душанбе мулоқоти собиқадорони соҳаҳои гуногун бо ҷавонон таҳти унвони «Дидори наслҳо» баргузор мегардад.

Тавре аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз роҳандозӣ намудани чунин мулоқот, омӯзиши сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ  дар шукуфоии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқоти мазкур собиқадорони хизмати давлатӣ ва шахсиятҳои барӯманди мамлакат иштирок намуда, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои шоёни Пешвои миллат сухан мекунанд.  Ҳамчунин онҳо барои пешбурди ҷомеа  ба ҷавонон  маслиҳатҳои муфид  медиҳанд.

Май 20, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд