Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон ба низоми мукаммал табдил ёфтааст-бардошт аз конференсияи илмию амалӣ
ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-масоил ва дурнамо»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конференсияи мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, инчунин муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотӣ иштирок намуданд. Дар оғози конфронс директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода зикр намуд, ки «фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хоси давлат қарор дорад. Дар ҳамин замина дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, новобаста аз вазъи ногувори сиёсии аввали солҳои 90-ум фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ тадриҷан рушд ёфта, имрӯз ба як низоми мукаммал табдил ёфтааст».
Ҳамзамон мавсуф гуфт, ки дар ин давра қонунҳои зиёди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул шуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода баён дошт, ки «бахши муҳими ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ба ҳисоб рафта, дигар паҳлӯҳои ҳуқуқэҷодкунӣ бевосита аз санадҳои қонунгузорӣ сарчашма мегиранд».
Дар доираи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии “Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- масоил ва дурнамо” аз ҷониби ширкаткунандагон вазъи воқеии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мавриди баррасии амиқ қарор дода шуда, маърӯзаҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифтанд.










Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






