Фиристодаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Покистон Миан Воҳид-уд-Дин: «Душанберо дӯст доштам ва мехоҳам бори дигар ба ин ҷо биоям…»
ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. «Душанбе, бешак шаҳри дӯстдорони табиат ва дорои гулгаштҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии зиёд мебошад. Шаҳри шуморо дӯст доштам ва мехоҳам бори дигар ба ин ҷо биоям»,-чунин иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР фиристодаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Миан Воҳид-уд-Дин, ки дар шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» қарор дорад.
Ӯ таъкид дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил»-ро дар сатҳи баланд ташкил намуд.
«Ин ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон бисёр муҳим, саривақтӣ ва мубрам аст. Он кишварҳо ва созмонҳои манфиатдорро дар самти мубориза бар терроризм муттаҳид менамояд», — тазаккур дод Миан Воҳид-уд-Дин.
Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони конфронси имрӯза бо мақсади таҳияи стратегияи мубориза бар зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил ва аз сарзамини худ решакан кардани онҳо ба ҳам омадаанд.
«Мо бояд амнияти дохилиро таҳким бахшем ва якҷоя бар зидди терроризм мубориза барем, инчунин ба таҳдидҳои он қатъиян омода бошем», — зикр намуд ӯ.
Зимни суҳбат ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон мебошад. «Ман бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам. Душанбе бешак шаҳри дӯстдорони табиат ва дорои гулгаштҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии зиёд мебошад. Аз тозагии шаҳр, ки нисбат ба аксарият пойтахтҳо тозатар аст, хеле хушам омад. Ба нафароне, ки онро чунин тоза нигоҳ медоранд изҳори ташаккур менамоям. Шаҳри шуморо дӯст доштам ва мехоҳам бори дигар ба ин ҷо биоям», — таассуроташро чунин баён дошт Миан Воҳид-уд-Дин.
Ба иттилои ӯ, дирӯз дар доираи ташрифаш ба Тоҷикистон ӯ ҳамчунин аз Қалъаи таърихии Ҳисор ва дараи зебоманзари Варзоб дидан намуд. «Зебогии ин маконҳо маро сахт тасхир кард. Қалъаи Ҳисор таърихи қадимаи ин минтақаро таҷассум мекунад ва дар дараи Варзоб метавон аз табиати нотакрор, ки касро ба худ мафтун месозад, баҳраманд гардид», — иброз дошт мусоҳиб.
Дар фарҷоми суҳбат Миан Воҳид-уд-Дин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва сатҳи баланди ташкили Конфронс изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






