«Фурӯғи субҳи доноӣ…». Ба 26 мактаби Хуҷанд китобҳои таълимию бадеӣ бо се забон тақдим гардиданд
ХУҶАНД, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан толибилмон роҳандозӣ гардида истодааст, дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои мухталиф ҷараён доранд.
Аз ҷумла, дирӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№27-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи ташкилоти ЮСАИД таҳти унвони «Дар олами афсонаҳо» бо иштироки хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар доираи барнома хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кӯдакони муассисаи таълимии мазкур ба иштирокдорон хондану маънидод намудани афсонаҳои халқиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо маҳорати баланд манзур намуданд. Ҳамчунин афсонаҳоро бо навори филми тасвирӣ чун муаррифинома нишон дода, шеъру сурудҳо низ қироат карданд.
Меҳмонони барнома, аз ҷумла намояндагони лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и ЮСАИД дар Хуҷанд сатҳи баланди ташкили барномаро тавсиф карда, онро намунаи ибрат барои дигар муассисаҳои таълимии шаҳр унвон намуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба 26 муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 140-ададӣ китобҳои таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ройгон тақдим карда шуда, ташкилоти мазкур барои бозомӯзии омӯзгорон низ саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва масъулини мактаби мазкур баён доштанд, ки ҳадафи баргузории барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ҷалб намудани хонандагон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, бахусус мутолиаи афсонаҳо мебошад. Зеро хондани китобҳои бадеӣ сатҳи саводнокӣ, инкишофи фикрронӣ ва маҳорати забондонии толибилмонро афзун намуда, дар ташаккули шахсият ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо нақши муҳим мебозад.
Аз ҷумла, мустақилона мутолиа намудани китобҳои бадеӣ аз ҷониби хонандагони хурдсол ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, тараққиёти шуур ва бою пурмазмун гардидани тасаввуроти онҳо оид ба зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт






