ФУТБОЛ: ҳарифони дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва 19-солаи Тоҷикистон дирӯз баъди қуръакашӣ, ки дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия баргузор гардид, ҳарифони худро дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 шинохтанд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-сола дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал Шри –Ланка ва Кувайт қувва месанҷанд. Бозиҳо дар мамлакати Урдун аз 14 то 22 сентябри соли равон гузаронида мешаванд.
Дар бозиҳои интихобии ин мусобиқа 47 дастаи қораи Осиё ширкат меварзанд, ки ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз Осиёи Ғарбӣ 6 ва аз Осиёи Шарқӣ 5 гурӯҳ таркиб ёфтаанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 ғолиб ва 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
То кунун макони баргузории бозиҳо интихоб нашудаанд. Дар сурати ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтани давлате, ки макони баргузории бозиҳои ниҳоӣ интихоб мешавад, дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои финалӣ ширкат кунад.
Қуръакашӣ дастаҳои мунтахаби то 16-солаи Осиёро чунин тақсим кард:
Осиёи Ғарбӣ
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Урдун (мизбон), Непал, Шри-Ланка, Кувайт.
Гурӯҳи «В»: Ҳиндустон, Ӯзбекистон (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон.
Гурӯҳи «С»: Эрон (мизбон), Афғонистон, Фаластин, Малдив.
Гурӯҳи «D»: Уммон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Сурия, Покистон.
Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш, Катар (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, АМА.
Осиёи Шарқӣ
Гурӯҳи «G»: Индонезия (мизбон), Чин, Бруней, Филиппин, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Ветнам (мизбон), Тимори Шарқӣ, Муғулистон, Макао.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Шимолӣ, Гон-Конг, Сингапур (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи «J»: Япония, Малайзия, Камбоҷа, Лаос (мизбон).
Гурӯҳи «К»: КореяиҶанубӣ, Таиланд, Мянма (мизбон), Тайбэйи Чин.
Дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон дар натиҷаи ин қуръакашиҳо ба гурӯҳи «С» шомил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Сурия, Лубнон ва Малдив дар шаҳри Душанбе аз 6 то 10 ноябр қувва месанҷад.
Дар ин баробар дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 19-сола 46 даста ширкат меварзанд ва низомномаашон мисли дастаҳои мунтахаби навтасони то 16-сола аст.
Қуракашӣ дастаҳои мунтахаби то 19-солаи Осиёро чунин тақсим кард:
Осиёи Ғарбӣ
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фалестин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Малдив.
Гурӯҳи «D»: АМА, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.
Осиёи Шарқӣ
Гурӯҳи «G»: Таиланд, Малайзия, Камбодҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мьянма (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Япония, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Гон-Конг, Тимори Шарқӣ.









ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






