Гулистон мизбони ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва дастгирии Агентии «Тоҷикстандарт» аз 30 апрел то 2 май дар шаҳри Гулистон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, ҷаласаи 43-юми Комиссияи илмӣ-техникии аккредитатсия ва ҷаласаи 10-ум оид ба баргузории Созмони минтақавӣ дар самти аккредитатсия баргузор гардид.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони Шӯрои байнидавлатӣ, мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он иштирок намуданд. Сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Давлатзода доир ба мавқеи Тоҷикистон дар Шӯрои байнидавлатӣ ва комиссияҳои илмӣ-техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия сухан кард.
Инчунин муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар татбиқи ҳадафи чоруми мамлакат -саноатикунонии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ҳамкорӣ бо ИДМ ва созмонҳо вобаста ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Намояндаи Шӯрои байнидавлатӣ, директори Бюро оид ба стандартҳо-котиби масъули Шӯро Владимир Черняк аз мақсаду мароми ҷаласаи навбатӣ ва дастоварду камбудиҳо дар самти татбиқи қарору санадҳои Шӯрои байнидавлатӣ ибрози назар намуд.
Бояд зикр кард, ки ҳадафи баргузории ҷаласаҳои мазкур тартиби таклифу пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок барои ҳалли қарорҳои Шӯро дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, ташкили ҳамкории самараноки мақомоти миллӣ вобаста ба омода намудан ва такмили касбияти мутахассисон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, инчунин такмили асосҳои регламентҳои техникӣ дар соҳаҳои номбурда мебошад.
Зикр гардид, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони истеҳсолии аъзои Шӯро озмуни маҳсулоти беҳтарини ИДМ баргузор карда мешавад, ки ин барои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Мусаллам аст, ки Шӯрои мазкур 12 кишвари ИДМ, назири Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистонро дар худ муттаҳид менамояд. Дар Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия кумитаҳои илмӣ-техникӣ оид ба стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия фаъолият доранд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» аъзои ин кумитаҳо аст.
Ҷаласаҳои кумитаҳои техникӣ соле ду маротиба ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ ҳар сол як маротиба дар яке аз давлатҳои узви Шӯрои байнидавлатии ИДМ баргузор мегарданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба соҳаҳои стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, инчунин масоили аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо ва ҳамкории соҳавӣ дар сатҳи байнидавлатӣ дар раванди кори ҷаласаҳо баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия мебошад.









Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






