Икром Умарзода: «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб меёбад»

Май 29, 2019 08:29

ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ибтикори Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Китобхонаи миллӣ  конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса» доир гардид.

Дар  конфронс муовини Вазири корҳои дохилӣ  Икром Умарзода, сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД Муҳаммад Муҳаммадизода, сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода, олимон, судяҳо, прокуророн, муфаттишон, роҳбарони дастгоҳҳои тафтишотӣ, таҳқиқ ва ташхисӣ (эксперт)- криминалистии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иштирок  намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон    ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҷамъомадро  муовини Вазир Икром Умарзода оғоз намуда, зикр кард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб ёфта, баҳри таъмини он дар ҷумҳурӣ  тадбирҳои зарурӣ андешида  мешавад.

Зикр гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти таҳқиқ ва тафтиши ВКД, дар партави сиёсати инсонпарваронаю сулҳхоҳона ва одилонаи Сарвари давлат дар амалӣ кардани ҳадафҳои ин сиёсат, баҳри мубориза бар зидди ҷиноят ва ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои муташаккили хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва трансмиллидошта, бо истифодаи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мурофиаи ҷиноятӣ ва қонуни ҷиноятӣ фаъолияти босамар  мебарад.

Дигаргунӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат идома доранд ва инсониятро ба таҳдиду хатарҳои наве рӯ ба рӯ гардонидааст. Ин вазъият муносибати комилан навро дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи инсонӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вазифадоранд, ки ҳодисаҳои бавуқӯъ пайвастаро ҳамаҷониба, пурра ва холисона мавриди таҳқиқ ва тафтиш қарор дода, фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ ба таври амиқ ва якхела ба роҳ монанд.

Тавре И.Умарзода зикр кард, мувофиқи талаботи банди 3 моддаи 9 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси масъулияти муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд.

«Ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишӣ ва дигар амали мурофиавӣ аз қабили азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси муросилоти почта… ва ғайра барои муқаррар ва мустаҳкам намудани изҳои ҷиноят гузаронида мешаванд. Яъне, муҳимият ва аввалиндараҷа будани амали тафтишотии азназаргузаронӣ дар 20 моддаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ зиёда аз 60 маротиба дарҷ ва асоснок карда шудааст»,- афзуд номбурда.

Иштирокдорони конфронс  оид ба омода намудани мутахассисони баландпоя дар самти тафтишот, ташхиси криминалистӣ, истифодабарандагони техникаву таҷҳизоти криминалистӣ, босифат ва дақиқ азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ҳамоҳангии бахшҳои тафтишотӣ, таҳқиқ, ташхиси криминалистӣ ва криминалистӣ судии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи  мамлакат  дар ошкор ва кушодашавии ҷиноятҳо, сари вақт гирифтани изи ҷиноят дар ҷойи ҳодиса, дуруст ва дар сатҳи зарурӣ тартиб додани протоколҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва дигар  масъалаҳои ба ин соҳа марбутро  мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд.

Май 29, 2019 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён