Искандар Солеҳзода: «Донишҷӯёнро мебояд эҳтиёткор бошанд, то шомили нерӯҳои мухолиф нагарданд»
ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм вохӯрӣ доир намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ҷамъомад, ин пешгирии қонуншиканӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъоли онҳо дар дарсҳо мебошад.
Дар вохӯрӣ проректори Донишгоҳ оид ба тарбия Турабек Назарзода доир ба вазъи донишандӯзии донишҷӯёни донишгоҳ ибрози назар карда, аз ҷумла зикр намуд, ки ки ҷавонон қувваи бузург буда, ҷомеа дар ҳар давру замон аз онҳо ояндаи некро умедворанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои донишҷӯёни ин боргоҳи илм риояи талаботи Низомномаи донишгоҳ, аз ҷумла, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, дарс андӯхтан ва эҳтиром гузоштан нисбат ба омӯзгорону ҳамсабақон, калонсолон ва умуман атрофиён яке аз талаботҳои асосӣ маҳсуб мешавад.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода сабабу омилҳои содиршавии кирдорҳои ҷиноятиро аз ҷониби ҷавонону ноболиғон шарҳ дода, доир ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд факту рақамҳои дақиқро пешниҳоди иштирокдорон намуд.
Номбурда зикр кард, ки пайравии бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав дар ҳоле мебошад, ки ҷаҳонро хатарҳои нав ба нав фаро гирифтааст ва ин тоифа қурбони бозиҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша гардида, ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар мегузоранд.
И. Солеҳзода доир ба авзои дохилии кишварҳои ҷангзадаи Сурия, Ироқ ва Афғонистон мисолҳои мушаххас оварда, донишҷӯёнро бори дигар таъкид кард, ки эҳтиёткор бошанд, то шомили нерӯҳои мухолиф нагарданд.
Дар фарҷом миёни масъулин ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






