КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе даври сеюми озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ»-ро ҷамъбаст намуд

Май 20, 2019 09:43

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 май Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» даври сеюми озмуни шаҳрии беҳтарин донандаи забонҳои хориҷиро таҳти унвони «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ҷамъбаст намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар меиҳад, озмунро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Зоир Раҳмонзода ва ҳайати ҳакамони ҷамъбаст намуданд.

З. Раҳмонзода нахуст ҳозиринро ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба иштирокчиёни озмун муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.

Мавсуф зикр кард, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ба забондонӣ, инчунин дар заминаи дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, гузаронида мешавад.

«Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун, ғолибон даври сеюми озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» муайян гардида, номи онҳо дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик гузаронида мешавад, эълон хоҳад шуд», — иттилоъ доданд аз КИ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар».

Бояд тазаккур дод, ки ғолибони даври сеюми озмуни шаҳрӣ аз моҳи сентябри соли равон то шаш моҳ бо идрорпулии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, иштирокчиёни фаъоли озмун дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.

Хотирасон менамоем, ки даври аввали озмун миёни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида, даври дуюми он бо иштироки ғолибони даври аввал аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт гузаронида шуд. Дар натиҷа ғолибони даври дуюми озмун барои иштирок ба даври сеюми озмун, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб гузаронида шуд, роҳхат гирифтанд.

Май 20, 2019 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд