Кормандони шуъбаҳои қарздиҳии филиалҳои «Амонатбонк» дар Хоруғ таркибу вазифаҳои низоми қарзи бонкиро меомӯзанд

Май 13, 2019 15:26

ХОРУҒ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсияи ташкилоти қарздиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони шуъбаҳои қарздиҳии бахши вилоятии Бонки давлатии амонатгузории  «Амонатбонк» доир ба  қарз, мазмун ва моҳияти иқтисодии он, таркибу вазифаҳои низоми қарзӣ, фоизи қарз ва бозори захираҳои қарзӣ, ҳамчунин одоби муоширату муносибати касбии кормандони бонк  бо мизоҷон давраи омӯзишӣ баргузор намуд.

Тренери Ассотсиатсияи ташкилоти қарздиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ахмедов гуфт, ки «чанд соли охир бонкҳои кишвар дар масъалаи  вопас гардондани қарзҳои бонкӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд ва ҳатто бақияи зиёди қарз баъзе аз бонкҳои пурнуфузи кишварро муфлис сохт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони ташкилотҳои қарздиҳӣ бе таҳлилу баррасии амиқи  вазъи молиявии шахсони ҳуқуқию воқеӣ, молу мулки ба гарав мондаашон ва аз ҳама муҳим, хулқу атворашон ба онҳо қарз пешниҳод мекунанд. Баъди он ки муҳлати баргардондани қарз ба таъхир меафтаду мизоҷ бо ҳар баҳона аз пардохти қарз сарпечӣ мекунад, кормандони шуъбаи қарздиҳӣ ба иштибоҳи худ сарфаҳм мераванд. Бинобар ин қабл аз додани қарз ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрии мизоҷро санҷида,  ба қобилияти пардохтпазирии пуррааш бояд итминон дошта бошем».

Солҳои охир ҳодисаҳои бо нархи гарон ба гарав гузоштани молу мулки камарзиш аз тарафи мизоҷон зиёд ба назар мерасад. Барои ҳамин ба ташкилотҳои қардиҳӣ зарур аст, ки ҳангоми баҳодиҳӣ ба ин ё он молу мулки ба гаравгузошта аз хизмати коршиносони варзида, асилу беғараз истифода баранд. Дар ин маврид хатари аз пардохти қарз сарпечӣ намудани мизоҷ бамаротиб коҳиш меёбад. Дар он сурат ҳам бонк зарари молӣ намебинад ва ҳам соҳибкор барои ривоҷу равнақи кораш ҳамкориро бо ин ё он бонк идома медиҳад.

Май 13, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард