Кумитаи андоз: андозсупорандагон имконият доранд аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ тариқи онлайн анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори видеоконференсияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳо муаррифии (презентатсияи) модулҳои электронии барномаи компютерии Системаи муттаҳидаи иттилотии идоракунии андозҳо доир ба «Хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, зимни муаррифӣ гуфта шуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декбри соли 2011 тасдиқ шудааст, ҷиҳати бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, бештар намудани намудҳои хизматрасониҳои электронӣ дар айни замон 36 адад номгўи хизматарсониҳои электрониро пешниҳод намудааст.
Алҳол андозсупорандагон ва шаҳрвандон аз ин хизматрасониҳои электронӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла, аз хизматрасониҳои электронии «Утоқи шахсии андозсупоранда» — барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозӣ, азназаргузаронии ҳисобварақаҳо ва тартиб додани санади муқоисавӣ, «Донистани рақами мушаххаси андозсупоранда» — барои муайян намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, «Феҳристи ягонаи давлатӣ» — барои гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, «Портали хизматрасониҳои электронӣ» — барои аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, «Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ» — барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор, «Ҳисобнома – фактураҳои электронӣ» — барои дар шакли электронӣ таҳия намудани ҳисобнома – фатураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, «Онлайн номнавис намудан барои қабул» — барои дар низоми вақти мустақим номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз, «Пардохти андозҳо» — барои бо истифода аз кортҳои бонкӣ пардохт намудани андозҳо, «Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз» — барои ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз даромад ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, «Утоқи шахсӣ оиди лоиҳаҳои грантӣ» — барои аз ҷониби татбиқкунандагони Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозӣ, «Андози даромад аз иҷора» — барои дар шакли электронӣ баҳисоб гирифтани иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул ва ғайраҳо.
Модулҳои мазкур ба андозсупорандагон имконият медиҳанд, ки онҳо аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба тариқи онлайн анҷом диҳанд.
Зикр шуд, ки дар маҷмӯъ номгўи хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешаванд, аз 2 намуд дар соли 2009 то 36 намуд дар соли 2019 расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд, ё дорои малакаи кофии корӣ барои ба тариқи электронӣ пардохт намудани маблағи андозҳо нестанд, имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз хизматрасониҳои утоқҳои алоҳидаи (терминалҳои) дар 26 мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо, ки бо компютерҳои ба шабакаи Интернет пайвастбуда, муҷаҳҳаз мебошанд, истифода намоянд.
Дар утоқҳои (терминалҳои) мазкур кормандони алоҳида барои ба андозсупорандагон мусоидат намудан ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пардохти маблағи андозҳо, вобаста гардида, дар айни замон барои давра ба давра дар тамоми нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо кушодани чунин утоқҳои (терминалҳои) корӣ чораҷўӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки то охири соли 2019 аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 20 адад модулҳои нави компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд. Мақсади омода ва мавриди амал қарор додани онҳо пеш аз ҳама беҳтар намудани маъмурикунонии андозҳо, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва содаву қуллай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои андозсупорандагон мебошад.
Дар муаррифӣ ба иштирокчиён тартиби истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ намоиш дода шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Кумитаи андоз омодааст ба иқтисодиёти рақамӣ гузарад.








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






