ЛОИҚИ АДАБИЁТИ БУЗУРГ. Китоби муҳаққиқи эронӣ дар бораи шоири шаҳири тоҷик ба чоп расид

Май 20, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар/. Бунёди Лоиқ Шералӣ бо ибтикори шоир ва муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ ба муносибати зодрӯзи устод Лоиқ маҷмӯи шеърҳои баргузидаи шоирро  бо ҳуруфи ниёкон мунташир намуд.

Китоби «Лоиқ Шералӣ фарзанди ростини Рӯдакиву Фирдавсӣ» унвон гирифта, бо як шеър ва ду мақолаи мураттиб шурӯъ мешавад. Дар пешгуфтори китоб  омадааст, ки агар «Маснавӣ»-и маънавӣ дар ҳаждаҳ байти «Бишнав аз най» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар як байти

Чун Эрон набошад тани ман мабод,

Бад-ин марзу бум зинда як тан мабод,-

хулоса шаванд, пас дар хусуси куллиёти Лоиқи зиндаёд ин ду байтро мисол овардан ҷоиз аст:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Байти дигар:

 

Кова як Коваи Фирдавсӣ нест,

Кова исёнгари ҳар даврон аст.

Ба маънии дигар, адабиёти тоҷику форс аз адабиётҳои бузурги ҷаҳон аст ва Лоиқ Шералӣ аз намояндагони сазовори ин адабиёт. Гарчӣ  аз даргузашти ин шоири шаҳир чанд сол гузашта бошад ҳам, ӯ ҳамоно яке аз муаллифони серхондатарин маҳсуб мешавад.

Китоби тозанашр  бо аксҳои Лоиқ Шералӣ дар ҳалқаи устодон ва ҳамқаламон оро дода шудааст.

Май 20, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид