Маҷаллаи «Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» аз чоп баромад

Май 24, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи таҳлилии «Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли 2018» аз чоп баромад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маҷаллаи мазкур   доир ба ҳолатҳои фавқулодае, ки соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд,  маълумот дода шуда, ҳодисоти мазкур  шарҳу тавзеҳ  ёфтаанд.

Ҳамзамон хонандагон аз маҷаллаи мазкур доир ба татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ, ҳудуди мамлакат аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, ки Кумита тарҳрезӣ кардааст,  маълумот пайдо карда метавонанд.

Бояд гуфт, ки маҷалла фарогири ахбор дар бораи пешгирӣ, дурнамо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои алоқаманд бо иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, ҷамъбасти фаъолияти хизматии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба ҷустуҷӯ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба соҳа мебошад.

«Маҷаллаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сафоратҳои мамлакатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон дастрас карда мешавад»,- афзуд манбаъ.

Май 24, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид