МАРҲАБО БА ИДИ АСАЛ! Занбӯрпарварон аз 50 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтарин намуди асалро пешкаши сокинон менамоянд

Май 31, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  2 июни соли равон, соати 9:00 дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Иди асал доир мегардад. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иди мазкур ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он занбӯрпарварон аз 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ беҳтарин намудҳои асалро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Аз ҷумла, занбӯрҳои асали зинда, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз асал омода гардида, асбобу лавозимоти парвариш ва ба даст овардани ҳосили асал, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд.

Зимни намоишгоҳи мазкур иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдор дар назар дошта шудааст.

Дар ин маъракаи идона барои интихоби асалпарвари беҳтарин озмун гузаронида мешавад. Ғолибони озмун, ки аз тарафи комиссияи тадорукот муайян мешаванд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз мегарданд.

Инчунин дар Иди асал меҳмонон ва сокинони пойтахт аз барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, сипас маҳсулоти ба тамошо гузоштаро метавонанд бо нархҳои дастрас харид намоянд.

Май 31, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид