Масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар Вазорати маориф ва илм баррасӣ гардид

Май 22, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа аз рӯи рӯзномаи Шӯро масъалаҳои пешниҳошуда мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода доир ба вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбиқи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020» ибрози назар намуд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкилии норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва омода кардани кадрҳо барои бозори меҳанати дохил ва хориҷи кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илм бо ду агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ қарордод ба имзо расонданд.

Дар кори ҷаласа ҷиҳати аз такмили ихтисос ва бозомўзии ҳайати омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо, муайян намудани рейтинги муассисаи таълимӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи корхонаи давлатӣ бо бахши хусусӣ, ташкил ва гузаронидани таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар корхонаҳои саноатӣ (давлатӣ ва хусусӣ), бо назардошти талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳо манзур гардид.

Сипас, раиси Шўро Азим Иброҳим қайд намуд, ки вазорату идораҳои дахлдорро мебояд баҳри дуруст ба роҳ мондани маблағҳои буҷавӣ дар самти тайёр намудани мутахассисон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Май 22, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд