Милитсияи Душанбе бо политсияи Чин табодули таҷриба мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар доираи ташрифи ҳайати расмии намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин ба шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» мулоқоти сатҳи баланди роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро сардори Демартаменти мазкур Сун Тсзянюй ва ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Шариф Назарзода роҳбарӣ намуданд.
Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкории дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомоти ду кишвар, табодули таҷриба оид ба мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона, дорои раванди террористиву экстримистӣ, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия, дар марказҳои таълимии политсияи шаҳри Нанкин ба семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудани кормандони милитсияи пойтахт ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзими фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмию кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, таҷрибаи пешқадам дар самти коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки тибқи гуфтушунид ва Протоколи қаблан зимни сафари ҳайати расмии милитсияи шаҳри Душанбе ба шаҳри Нанкин баимзорасида масъалаи расонидани ёрии техникӣ аз ҷониби Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ба милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида буд.
Вобаста ба ин дар доираи сафари ҳайати мазкур ба шаҳри Душанбе ёрии техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ аз ҷониби политсияи шаҳри Нанкин ба милитсияи шаҳри Душанбе оварда шуд, ки дар анҷоми мулоқот маросими имзои Санади дуҷониба оид ба қабул ва супоридани ёрии техникӣ байни сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су Сун Тсзянюй ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода баргузор гардид.








Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд






