Муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳозим Ал-Юсуфӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ», ки 16-17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳозим ал-Юсуфӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод, кормандони Осорхонаи миллӣ бо меҳмонон бо забони арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои манбаъ, сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гўшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.
Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар китобу дастхатҳои нодир ва ёдгориҳои таърихии замони Сомониён, махсусан ҳунари кандакории рӯи чӯб ва машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик- «Меҳроби Искодар», «Мақбараи Сомониён», «Мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳад» ва ғайра ба худ ҷалб намуданд.
Пас аз тамошои осорхона Ҳозим ал-Юсуфӣ оид аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон хотироташро навишт.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд






