Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Роҳбарии трансформатсионӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда» дар Қазоқистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Роҳбарии трансформатсионӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда» доир гардид, ки дар кори он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иштирок намуд.
Тавре аз мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конференсия ректорони академияву донишкадаҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Федератсияи Россия, инчунин, сиёсатмадорон, коршиносони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои бузурги саноатӣ, олимону муҳаққиқон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои мубрами соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ маърӯза карданд.
Иштирокдорон зимни маърӯза омодагии худро бо мақсади ҳамкории судманди минбаъда дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки бояд сатҳи идоракунӣ, пеш аз ҳама, идоракунии давлатӣ вобаста ба тамоюлҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда баланд бардошта шаванд.
Дар доираи конференсия вохӯрии ректорони академияву донишкадаҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои иштирокчӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи муосир дар соҳаи идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, зимни мулоқот ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ҳамтоёни худро бо тарзу усулҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва самтҳои нави фаъолияти Донишкада шинос намуд. Зикр гардид, ки Донишкада дар фаъолияти худ аз таҷрибаи муассисаҳои дахлдори таълимии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба таври васеъ истифода менамояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин муколама роҷеъ ба табодули таҷрибаи байниҳамдигарии сурат гирифт, ки мундариҷаи асосии он такмилу таҳкими шаклу усулҳои муосири таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии ҷавобгуй ба талаботи ҷаҳони муосир буд.
Ҳамзамон, А.Ғафурзода бо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон А. Ахметов ва муовини ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия М.Марголин ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории судманд вохӯрӣ анҷом дод.
Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон омодагии худро барои вусъат додани ҳамкории васеъ бо Донишкада изҳор намуд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






