НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ. Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе вазъи соҳаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар чӣ вазъ қарор дорад? Баҳри рушди соҳаҳои мазкур чӣ тадбирҳо бояд андешид? Дар ҳамоише, ки дар мавзӯи «Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирокдорони ҷамъомад ба суолҳои зикршуда посух гирифтанд. Дар ҳамоиш намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов зикр кард, ки «бо баланд бардоштани зарфиятҳо ва иқтидори ширкатҳои ватанӣ имкон дорем, ки дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем. Дар ин самт, дар радифи талошҳои ширкатҳо, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ ва молиявӣ зарур аст».
Дар нишаст дар баробари муаррифии вазъи кунунии истеҳсолот, муҳити соҳибкорӣ ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, инчунин намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҷеъ ба барномаҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар иртибот ба соҳа ба ҳозирин иттилоъ доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон бо фаъолияти барномавии шарикони рушд, ки ба тақвияти соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ равона шудааст, ошно гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур идомаи силсилаи нишастҳоест, ки қаблан дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ гузаронида шуд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






