ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат то 36 дараҷа мерасад

Май 28, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат то 30-36 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва  рӯзона  ба 20-25 дараҷа  мерасад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 1 дараҷа  хунук то 6 дараҷа гарм ва  рӯзона 9-14  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш  мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14  ва   рӯзона  ба 24-29  дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона  ба 28-33 дараҷа мерасад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва  рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 9-11 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Май 28, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд