ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борону жола ва раъду барқ дар назар аст

Май 16, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 17 то 19 май дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст хоҳад шуд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  боронӣ  дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 0-5  дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда, рӯзона борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Май 16, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад