ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор шуда, борон меборад

Май 23, 2019 08:01

ДУШАНБЕ, 23.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, борон меборад. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бе бориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа унук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона дар доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани Жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рўзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Май 23, 2019 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид