ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст

Май 24, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ба амал омадани раъду барқ низ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят  боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 16-21 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 3 дараҷа  унук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 9-14  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 4-9  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  вазида, дар баъзе ноҳияҳо  чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 16-21  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошидат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 18-20  дараҷа гарм мешавад.

Май 24, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид