ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Май 27, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 27.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 28- 30 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва  рӯзона 21-26 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 10-15  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш  мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12  ва   рӯзона  ба 22-27  дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8-13 ва рўзона  ба 26-31 дараҷа мерасад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва  рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 28-30  дараҷа гарм мешавад.

 

Май 27, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!