ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш мешавад

Май 20, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7  дараҷа сард шуда, рӯзона 9-14  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш  шуда,  дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 2-7  ва  рӯзона  15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 22-27  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст.    Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва  рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 27-29  дараҷа гарм мешавад.

Май 20, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд