ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарми бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 30-38 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






