ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва жола дар назар аст

Май 17, 2019 08:09

ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, борон ва жола меборад.  Ба  амал омадани раъду барқ низ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва  рӯзона 17-22 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8  дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола низ  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои кисман абрнок дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал  меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест.   Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Инчунин боридани жола дар назар дошта шудааст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ҳолатҳо борон  шиддат  гирифта, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.

Май 17, 2019 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ