ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 23 то 25 май дар Тоҷикистон боронҳои бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 22.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 май дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, эҳтимолияти боридани боронҳои бошиддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ 23-24 май бо истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баъзе ноҳияҳо, борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар дошта шудааст. Бо сабаби шиддатнокии шамол дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба вуҷуд омадани чангу ғубор пешгўӣ мешавад.
Ҳамчунин дар ин шабу рӯз ҳарорат паст шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 10 — 15 дараҷа гарм мешавад.
24-25 май дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии вилояти Хатлон, ғарби ВМКБ ва вилояти Суғд эҳтимолияти бавуҷудоии зуҳуроти сел дар назар аст.
Бар асари боришоти зиёд баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






