Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд! Дар мақомоти гумрук аз қаҳрамонии родмардони тоҷик ёд карданд

Май 8, 2019 16:01

ДУШАНБЕ, 08.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941- 1945), ки 9 май таҷлил мегардад, имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар  назди ҳайати  шахсии дастгоҳи марказии мақомоти гумруки мамлакат сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумрук Бӯрӣ Ҳамрозода ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Абдуҳамид Назаров  иди зафарро ба ҳозирин табрик намуданд. Онҳо роҷеъ ба аҳамияти ин санаи таърихӣ –ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, хусусан далерию қаҳрамонии родмардони тоҷик, ки синаи худро сипар намуда, дар набардҳои хунин бар зидди фашизм  ҷангиданд ва ному корномаашон  дар саҳифаҳои таърих  абадан сабт гардидаанд, сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ  аҳамият ва бузургии онҳо бештар аён  мегарданд. Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо гузашти 74 сол дар радифи санаҳои фаромӯшношуниданӣ қарор дошта,  башарият, аз ҷумла мардуми тоҷик ба он арҷ мегузоранд. Дар ин росто,  ҳамасола Иди Ғалаба дар саросари кишварамон бошукӯҳ таҷлил гардида, мардум аз қаҳрамонию шуҷоатмандии родмардони Ватан ба некӣ ёд мекунанд. Зеро аз оғози ин ҷанг фарзандони тоҷик дар радифи дигар халқу миллатҳо  дар ҷабҳа ва муҳорибаҳои шадиди он иштирок намуда, қаҳрамонии бемисл нишон доданд.  Эҳсоси ватандӯстӣ, шуҷоатмандӣ ва мушкилнописандии родмардони тоҷик, ки дар набардҳо қаҳрамонӣ нишон додаанд,  имрӯз барои мардуми тоҷик, хусусан насли ҷавон, ки пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият  бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додаанд, намунаи  барҷастаи ибрат ва сабақ аст.

Мусаллам аст, ки ҳангоми оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон ба муҳорибаҳои ин ҷанги дар таърих беҳамто  290 ҳазор нафар сафарбар гардида буданд, ки беш аз 100 ҳазор нафарашон аз набардҳо барнагаштанд. Барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ дар мубориза бар зидди фашизм  56 ҳазор нафар фиристодаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ, 54 нафар бо унвони олии  Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар  бо ордени Шараф сарфароз гардонида шудаанд.

Май 8, 2019 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд