Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро сазовори 4 медал гардиданд

Май 10, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни  калонсолон  дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон, ки ба хотири варзишгари маъруфи ин давлат Ҷамшед Ҳофизов баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 6-8 май бо иштироки беҳтарин паҳлавонони  Тоҷикистон, Қирғизистон ва дастаҳои Ӯзбекистон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар маҷмааи варзишии «Ҳумо» доир  шуд.

Бояд зикр кард, ки  дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали тиллоро Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг сазовор шуд. Ислом Маҷидов дар вазни 60кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 97кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии варзишгарони мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Май 10, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид